Дар Душанбе рушди муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

Май 28, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба  самаранокии муносибатҳои байнипарламентии  Тоҷикистону Ҷопон дар мулоқоти  муовини раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Ҷопон Шариф Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кэйко  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 2 феврали соли 1992 барқарор шуда, давоми ин солҳо таҳким ёфтанд. Ҳамзамон барои рушди минбаъдаи ҳамкории амалӣ заминаи хуб,  эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омад.

Иттилоъ дода шуд, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро беш аз 63 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон соли 2008 таъсис ёфта,  барои   рушди ҳамкории байнипарламентӣ  фаъолияти муназзам дорад.

Иброз гардид, ки робитаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷопон  минбаъд низ рушд ёфта, дар таҳкиму суботи иқтисодӣ, гуманитарӣ  ва фарҳангии ҳарду давлат нақши муҳим мегузоранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон