Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба стратегияҳо баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 29-31 майи соли равон пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар ҳошияи Раванди оби Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022 Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бо ҷонибдории қариб 153 давлати дунё қабул гардид.
Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.
Бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Кумитаи тадорукоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст.
Қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025-2034) барои баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну субот ва сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиии аҳолии мамлакат дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир мегузорад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ба фаҳмонидани аҳамияти пиряхҳо ва зарурати чораҳои фаврӣ оид ба боздоштани обшавии пиряхҳо, шикасташавӣ ва қафоравии пиряхҳо, пешбурди кӯшишҳои глобалӣ оид ба ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо ва пайомадҳои васеъмиқёси он тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсат равона шудааст.
Тавре котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иттилоъ медиҳад, конфронс ба татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025-2034) тавассути ҷалби захираҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамояд. Он шарикии глобалии байни ҳукуматҳо, олимон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамкории фаромарзӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо тақвият медиҳад.
Ҳадафҳои асосии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз инҳо иборатанд:
1. рушди таҳқиқоти илмӣ ва мониторинг барои беҳтар фаҳмидани динамикаи пиряхҳо;
2. коҳиш додани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии ақибнишинии пиряхҳо;
3. пешбурди стратегияҳои ҳамгирошудаи мутобиқшавӣ, ба монанди системаҳои огоҳкунии бармаҳал ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ.
«Бо пайвастани рӯзномаи об ва иқлим конфронс кӯшиш менамояд, ки талошҳои ҳифзи пиряхҳоро бо ҳадафҳои глобалии амнияти об, энергетика ва озуқаворӣ ҳамоҳанг созад. Он инчунин ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, ҷалб намудани захираҳо ва истифодаи чунин ҳуҷҷатҳои чаҳорчӯбавӣ, аз қабили «Аҳднома барои оянда» мусоидат менамояд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Тибқи маълумоти котибот, дар конфронс масъалаҳои пешбурди таҳқиқот ва мониторинги илмӣ, рушди илми пиряхҳо ва криосфераи баландкӯҳ, аз ҷумла донишҳои мардуми маҳаллӣ, навовариҳои технологӣ ва системаҳои мониторинг, ки барои фаҳмидани динамикаи ақибнишинии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба экосистемаҳо, захираҳои об ва системаи ҷаҳонии иқлим нигаронида шудаанд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар конфронс масъалаи рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо низ баррасӣ мешавад. Омӯзиши таъсири иҷтимоию иқтисодии обшавии пиряхҳо таъсир ба дастрасии об, амнияти озуқаворӣ, гидроэнергетика, мероси фарҳангӣ ва баландшавии сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Дар конфронс роҳҳои амалии коҳиш додани ин таъсирот ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои вобаста ба пиряхҳо омӯхта мешаванд.
Иштирокчиён масъалаи баландбардории устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ, пешбурди равишҳои ҳамгироӣ барои мутобиқшавӣ ва кам кардани пайомадҳо, аз ҷумла системаҳои огоҳии барвақтӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, ҳалли инфрасохторӣ барои идоракунии об ва пешгирии хатари пиряхҳоро баррасӣ менамоянд. Дар конфронс ба стратегияҳое, ки устувории ҷомеаро, бахусус дар минтақаҳои осебпазир баланд мебардоранд, авлавият дода мешавад.
Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҷалби захираҳо ҳамчунин ба рӯйхати мавзуъҳои баррасишавандаи конфронс, аз ҷумла афзоиши огоҳии ҷаҳонӣ дар бораи аҳамияти ҳифзи пиряхҳо барои мувозинати экологӣ ва суботи иҷтимоию иқтисодӣ дохил мешавад. Конфронс талош хоҳад кард, то захираҳои молиявӣ ва техникиро барои дастгирии ташаббусҳои ҳифзи пиряхҳо ва таъмини паҳнкунии таҷрибаҳои беҳтарин ва қарорҳои тағйирёбандаи иқлимӣ ҷалб намояд.
Иштирокчиёни конфронс ҳамчунин мақсад доранд, ки мавзуи пайвастани рӯзномаи об, гуногунии биологӣ, биёбоншавӣ ва иқлим барои рушди устуворро ба миён гузоранд. Алоқа байни рӯзномаҳои об ва иқлим таъкид карда шуда, имконияти муттаҳид кардани ҳифзи пиряхҳо бо талошҳои васеъ барои ҳалли мушкилоти глобалии об, энергетика ва амнияти озуқаворӣ омӯхта мешавад. Конфронс ба ҳамоҳангсозии ташаббусҳои ҳифзи пиряхҳо бо ҳадафҳои дарозмуддати рушд мусоидат менамояд.
Дар маркази таваҷҷуҳ инчунин таҳкими амалҳо тавассути чаҳорчӯбаҳои калидӣ ва шарикӣ, истифода аз чаҳорчӯбаҳои калидии глобалӣ, аз қабили «Аҳднома барои оянда» ва таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор барои пешбурди амалҳои дигаргунсозӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо қарор мегиранд. Он эҷоди роҳҳо бобати амалиёти дастҷамъона оид ба коҳиш додани таъсири обшавии пиряхҳо барои экосистемаҳои ҷаҳонӣ ва некӯаҳволии инсонро дар бар мегирад.
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид






