«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дар меҳмонии Душанбе» Фестивали байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар фестивал кӯдакону наврасон аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории фестивал фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигар, табодули маълумот ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ мебошад.
Мақсади фестивал инчунин омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ, мусоидат ба рушди эҷодиёти мусиқию бадеии насли наврас ва дар ин замина муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти рушди кӯдакон мебошад.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






