Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs 60 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs баргузор гардид. Дар ин олимпиада Тоҷикистонро 117 хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат муаррифӣ намуда аз ин шумора 12 нафар сазовори медали тилло, 12 нафар сазовори медали нуқра ва 36 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.
Олимпиада аз 24 то 30 апрел дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва зеҳни сунъӣ байни хонандагони 50 давлати дунё баргузор карда шуд.
Иштироки фаъолона ва натиҷаҳои назарраси хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаҳои байналмилалӣ далели равшани сатҳи баланди омодагии онҳо ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф мебошад.
Олимпиадаи Brainiacs майдоне барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон, табодули таҷриба байни иштирокдорон аз давлатҳои гуногун ва мусоидат ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои нав дар байни насли наврас буда, барои омодашавии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи баланд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаи илму истеҳсолот ба дастовардҳои назаррас шарафёб мегардад.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади амалинамоии «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ (барои давраи то соли 2030» ва иҷрои талаботи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» дар муассиса тадбирҳои амалӣ андешида шуда, хонандагон пайваста дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни байналмилалӣ иштирок менамоянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо








Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад






