Имрӯз ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода 114 сол пур мешавад

ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 114 сол пур мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамоишу конференсияҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ доир карда мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мирзо Турсунзода фарзанди бузурги халқи тоҷик буда, ҳамеша дар васфи Ватани азиз ва марзу буми аҷдодӣ шеър мегуфт. Ӯ шоири ватанпарвар буд, ҳамин аст, ки беҳтарин ашъораш ба Ватан ва мардуми он бахшида шудааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ борҳо ба давлатҳои хориҷӣ сафар карда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир намудааст. Ӯ доимо кӯшиш мекард, ки боварии халқу Ватанро ба ҷо орад, дар ҳар кунҷу канори даҳр ҳам, ки бошад, ба Ватан содиқ бошад. Тавре худи шоир гуфтааст:
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба cap форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд.
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Тавре номзади илмҳои филологӣ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Маҳмуд Назарзода иброз намуд, дарвоқеъ, Мирзо Турсунзода аз як тараф шоир, аз ҷониби дигар олим, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари шинохтаи риштаи адабиёт ва илму фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик буд.
«Ҳамин аст, ки ба поси хотири ин шоири ватансаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як шаҳр (ҳозира шаҳри Турсунзода, ки қаблан Регар ном дошт) ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон гузошта шудааст. Зеро устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефахрид ва миллат то ба имрӯз бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш ифтихор дорад. Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати шоиста намояд, бо халқ ҳамнафасу ҳамқадам бошад, суханро ба манфиати давлат ва ҷамъият истифода барад», -гуфт ӯ.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» гуфтаанд, «шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида расад. Мирзо Турсунзода доираи мавзуъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабӣ ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мавзуи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯсти мо ҷилои тоза мебахшад».
Инчунин дар ин китоб навишта шудааст, ки «хизмату талошҳои Мирзо Турсунзода ба мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон эътироф гардидааст».
Ба андешаи ректори донишкада, Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин саҳифаҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудаанд. Барои мисол, шоир дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби руҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст. Ба воситаи образҳои «Қодир ва Малика» ҷавонони ватандӯст дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тасвир ёфтаанд.
Шоири бузурги Покистон Файз Аҳмади Файз дар бораи Мирзо Турсунзода чунин андеша баён намудааст: «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд».
Соли 2001 Мирзо Турсунзода бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардид. Нимпайкараи ӯ дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва ҳайкалаш дар шаҳри Турсунзода бунёд шудааст. Мақбараи Мирзо Турcунзода дар Боғи Лучоби шаҳри Душанбе гузошта шудааст.
«Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро дар бар мегирад. Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик ба зиёда аз панҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд», -афзуд Маҳмуд Назарзода.
Ин мисраъҳои зерини шеъри шоир «Оҳанрабо» ва таровати онҳо бо гузашти солҳо заррае кам нагардида, асолаташонро ҳифз намудаанд:
Он қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ, Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.
Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман,
Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.
Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзандаӣ!
Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзандаӣ!
Дар адои хизматат тозад ба сар, арзандаӣ!
Аз сарат пошанд мардум симу зар, арзандаӣ!
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.
Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш- усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водӣ буд. Бо вуҷуди ин, зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашшоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Вақте дар Қаратоғ мактаби нав кушода шуд, Мирзо аз ҷумлаи аввалин хонандагони он гардид.
Ӯ солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом дода, солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии А.С. Пушкини вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-ро роҳбарӣ намудааст.
Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омада, роҳбарии бахши драматургияро ба уҳда дошт. Соли 1939 Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шурои Кумитаи халқи Тоҷикистон буд.
Устод Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то соли 1977- охири ҳаёти худ дар вазифаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор намудааст.
Шоири маҳбуби тоҷик 24 сентябри соли 1977 дар Душанбе аз олам даргузашт. Шоирро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супориданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз