Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 02.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа гарм ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






