ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол дар шаҳри Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад. То охири моҳи апрел кишоварзон дар 1200 гектар картошка кишт намудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, шаҳри Панҷакент яке аз минтақаҳои пешсаф дар соҳаи кишоварзӣ маҳсуб шуда, сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин шаҳр афзоиш меёбад. Кишоварзони шаҳр дар парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла картошка таҷрибаи бой дошта, яке аз таъминкунандагони асосии бозори дохилӣ ба ҳисоб мераванд.
Хоҷагии деҳқонии «Мирзо Қиёмов» дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан дар самти картошкапарварӣ пешсаф буда, имсол дар 13 гектар картошка кишт кардааст. Тухмии аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вориднамуда ба иқлими маҳал мутобиқ буда, имкони ба даст овардани то 400-сентнерӣ ҳосилро аз ҳар гектар фароҳам меорад. Пас аз ҷамъоварии ҳосил кишти сабзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сокини Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Парвиз Зарифзода дар 14 гектар гармхона ташкил карда, дар он бодиринг, помидор ва дигар сабзавот парвариш менамояд. Аз ин гармхона ҳар рӯз зиёда аз 100 килограмм бодиринг ҷамъоварӣ мегардад. Дар гармхона 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Сокини дигари шаҳр Муродқул Юсуфов низ дар 1 гектар гармхонаи замонавӣ бунёд намудааст. Он бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз гардида, имкон медиҳад, ки дар як сол чор маротиба ҳосил ба даст ояд. Дар гармхона обёрӣ ва ғизодиҳӣ ба таври автоматикӣ мебошад, ки ин хароҷотро кам ва ҳосилнокиро зиёд менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






