КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои намояндагони расонаҳои кувайтӣ брифинг доир гардид

Май 20, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо иштироки намояндагони расонаҳои кувайтӣ брифинг доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода иштирокчиёнро бо нақшу мақоми Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ шинос намуда, аҳаммияти баргузории ин конфронсро дар раванди тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим таъкид намуд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба идомаи талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла ташаббусҳои қаблӣ дар соҳаи об (ба мисли Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028») мусоидат мекунад.

Зубайдулло Зубайдзода иброз дошт, ки пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳимми оби ошомиданӣ ва обёрӣ дар минтақаҳои зиёд, аз ҷумла Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Обшавии босуръати онҳо таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти об, озуқаворӣ ва рушди иқтисодии давлатҳо ба шумор меравад.

Сафири Тоҷикистон баён намуд, ки конфронс платформаи муҳимми мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ, таҳлили мушкилоти глобалии марбут ба пиряхҳо ва таҳияи стратегияҳои муштараки муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим хоҳад буд.

Ҳамзамон ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ доир ба рӯзномаи конфронс ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои об пешниҳод гардид.

Дар интиҳои брифинг ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои муфассал дода шуда, омодагии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин конфронс таъкид гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Май 20, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад