Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд

Май 9, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисоди миллӣ зимни ҳамоиш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш мавзуъҳои «Татбиқи иқтисоди «сабз» дар саноатикунонии ҷумҳурӣ: мушкилот ва дурнамо», «Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар шароити ташаккули иқтисоди «сабз»», «Мафҳуми «афзоиши сифрӣ» дар шароити иқтисоди муосир» ва «Нақши иқтисоди даврӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор» муҳокима шуданд.

Ташаккули иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037», ки соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, амалӣ мешавад.

Мақсади стратегия гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ба роҳ мондани технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз»  мебошад.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 9, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд