МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анҷир хавфи касалии дилро кам карда, дарди санги гурдаро рафъ менамояд
ДУШАНБЕ, 04.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли анҷир ба саломатии инсон нафъи калон бахшида, хавфи касалии дилро кам менамояд. Онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар ва пешоброн низ тавсия медиҳанд.
Тавре олимони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, истеъмоли меваи анҷир кори рӯдаю меъдаро хуб менамояд. Калийе, ки дар таркиби ин мева мавҷуд аст, ба беморони дилу рагҳо шифо мебахшад. Маҳз зиёд будани калий ва магний дар таркиби анҷир қобилияти мустаҳкам намудани масуният, рафъ намудани бактерия ва вирусҳоро дорад. Инчунин ин мева бӯйи нохуши даҳонро аз байн мебарад, мӯйи сарро дароз мекунад ва боиси пешгирии бемории фалаҷ мегардад. Меваи анҷир манбаи мис мебошад, ки барои мубодилаи моддаҳо, ташаккули ҳуҷайраҳои сурхи хун, истеҳсоли нейротрансмиттерҳо ва бофтаи пайвандак муҳим аст. Ғайр аз ин, дар анҷир витамини В6 ҳам мавҷуд буда, ин витамин барои системаи дилу рагҳо муфид аст. Инчунин анҷир аз витамини К бой аст, ки хусусияти таҳкими деворҳои рагҳо ва пешгирии тромбҳоро дорад.
Анҷир инчунин кори рӯдаҳоро беҳтар ва баъзе бемориҳои системаи ҳозимаро пешгирӣ менамояд. Гарчанде ки анҷир зараровар нест, аммо бо баъзе сабабҳо бояд ҳангоми истеъмоли он эҳтиёткор бошем. Азбаски он миқдори кофии шакарро дар бар мегирад, афзоиши миқдори шакар дар хун пас аз истеъмоли зиёд метавонад боиси диабети қанд гардад. Аммо чойе, ки аз барги анҷир тайёр карда мешавад, ба фарқ аз худи мева миқдори шакарро дар организм назорат менамояд.
Дар Тоҷикистон анҷир аз замонҳои қадим парвариш карда мешавад. Он дарахти равшанипарвар ва гармидӯст аст. Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои диққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, таппиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда ва сипурзро муолиҷа мекарданд.
Абуалӣ ибни Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия медиҳад. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Тухми анҷир исҳоловар мебошад.
Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки «беҳтарини анҷир ширини шодоби он аст, ки хоҳ сафед бошад ва хоҳ сиёҳ. Сафеди он барои хӯрдан ва сиёҳи он ҷиҳати даво беҳтар аст. Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад. Ва чун ношто бихӯранд, маҷории ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом шикамро мулоим гардонад».
Ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда ва камхунӣ истифода мебаранд. Чойи анҷири қоқ дарди гулӯро рафъ менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар ва пешоброн тавсия медиҳанд.
Дар китоби «Канзи Шифо» чунин омадааст: «Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам дафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад».
АКС аз манбаъҳои боз








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд






