Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот роҳҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин бар асоси усули ҳамсоягии нек изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дастгирии доимии якдигар, аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар соҳаҳои обу иқлим, ҳамчунин, татбиқи онҳо таъкид карда шуд.
Ба татбиқи босамари муштараки лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисод, бахусус энергетика, саноат, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои калидӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Атрофи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва қолаби “Осиёи Марказӣ – Чин” табодули афкор сурат гирифт.
Пешниҳод гардид, ки байни Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин робитаҳои корӣ ба роҳ монда шавад.









Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд






