РУШДИ САЙЁҲӢ. Таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба маконҳои сайёҳии вилояти Хатлон бештар мегардад

Май 12, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар чор моҳи соли 2025 ба вилояти Хатлон 272 ҳазору 454 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  133 ҳазору 548 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 248 ҳазору 591 нафарро сайёҳони дохилӣ ва 23 ҳазору 863 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар Хатлон 933 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 240 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.

Манзараҳои табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Хатлонзамин, рӯду чашмаҳои зулолу шифобахш ва дигар имконияту иқтидори сайёҳии ин минтақа, аз ҷумла шаршараи Сари Хосор, кӯҳи Чилдухтарон, Чилучорчашма, Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Мавлоно Қутбидин, Шоҳи Хомӯш, Ёрмуҳаммади Валӣ, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, осорхонаи Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Мир, Қалъаи Муъминобод, шаҳраки Золи Зар, Теппаи Қурғон, маскани Хонақоҳ, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва Неругоҳи барқи  обии Норакро ҳар сол садҳо нафар  сайёҳон тамошо менамоянд.

Дар ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Норак, Сарбанд, Хуросон, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон доранд ба сайёҳии кӯҳию варзишӣ ва экологӣ машғул шаванд.

Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Балҷувон, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин ба гардишгарон барои сайёҳии шикор ва моҳидорӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Тавре медонем, ҳоло дар байни сайёҳон ҳавасмандӣ барои  мустақилона доштани моҳӣ ва бевосита пухтан ё омода намудани он хеле маъмулу машҳур гарштааст. Ин амал метавонад ба ҷалби сайёҳон ба ин минтақа мусоидат намояд.

Дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Фархор сайёҳон метавонанд бо таъриху фарҳанги ин мавзеъҳо бештар шинос гарданд.

Саёҳати саноатӣ, солимгардонӣ ва истироҳатӣ дар минтақаи Хатлон хоси шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ, Муъминобод ва Темурмалик мебошад. Бо таъмир ва навсозии роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо дар ин минтақаҳо барои сайёҳон мувофиқ дониста шудааст.

Саёҳати зиёратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг афзалият дорад.

Тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда ва тамошобоб мебошанд. Махсусан, мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ  солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамоянд.

Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.

Ҳамчунин Хатлон макони фарҳангу ҳунар буда, байни мардуми ин минтақа ҳунарҳои чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ рушд намудааст. Маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти Хатлонзамин чандин намоишгоҳу фестивалҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст.

Дар вилояти Хатлон  даҳҳо ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки дар  ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилоят нақши муассир мегузоранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 12, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ин шоҳасари мадании мусиқии тоҷик чун мероси аҷдодӣ давоми асрҳо аз устод ба шогирд гузаштааст
Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот саъю талош менамояд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Бо ёдгориҳои Қалъаи Ямчун шинос шавед ва кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшонро тамошо намоед
Тағйирёбии иқлим ба экосистемаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад
БАДАХШОН — ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Даҳаи дуюми моҳи май 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ҷашн гирифта мешавад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ НАМО! Баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад
Муҳаммадҷон Қосимов — ҳунарманде, ки нақшҳои офаридааш дар дилу ёдҳо нақш бастааст
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба стратегияҳо баррасӣ мешавад
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст