САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Бо ёдгориҳои Қалъаи Ямчун шинос шавед ва кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшонро тамошо намоед
ДУШАНБЕ, 11.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор буда, табиати нотакрор дорад, барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ ва экологӣ имконияти зиёд дорад.
Тоҷикистон беҳтарин макон барои сайёҳии кӯҳнавардӣ аст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи маъмултарини сайёҳии кӯҳнавардӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, барои дӯстдорони саёҳати кӯҳнавардӣ Қаъали Ямчун тавсия дода мешавад, ки он дар қаторкӯҳи Вахони Бадахшон, дар болои теппа, дар назди дарёи Ямчун ҷойгир аст.
Ҳангоми сафар ба ин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон сайёҳон метавонанд қаторкӯҳҳои зебои сарбафалаккашидаи Бадахшонро тамошо намуда, аз боду ҳавои тозаю озодаи он нафас кашанд.
Қалъаи Ямчун яке аз қадимтарин қалъа дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар асри III пеш аз мелод то асри VIII мелодӣ қомат афрохтааст.
Қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 километр аз маркази маъмурии вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳияи Ишкошим дар масофаи 72 километр қарор дорад.
Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» сабт шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифзу эҳё созем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид, ки ба ҳифзу эҳёи ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд.
Дар ин замина барои азнавбарқароркунии ин қалъа ва барои омадани сайёҳонони хориҷию дохилӣ ба ин мавзеъ дар доираи созишнома байни «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ роҳи пиёдагард ба сӯи қалъа таъмир мегардад.
Барои ба ин минтақаи сайёҳӣ рафтан сайёҳон метавонанд аз нақлиёт: автобусҳои хурд ва мошинҳои хусусӣ истифода баранд. Инчунин ба сайёҳон зарур меояд, ки 8 км роҳи болоӣ ва ё 4 км роҳи ростро барои баромадан ба қуллаи баланд тай намоянд.
Мувофиқи маълумоти бостоншиносон, қалъаи мазкур секунҷашакл буда, аз се қисм иборат аст. Майдони якум диж буда, аз се қисм иборат аст. Ду майдони дигар барои амалиёти муҳофизатӣ махсус гардонда шудааст. Атрофи деворро 36 бурҷ иҳота мекардааст. Дарозии девори қалъа 950 метр ва бараш то 400 метр буд. Қалъа тавре сохта шуда буд, ки барои муҳофизон мувофиқ бошаду барои мардум ҳамчун паноҳгоҳ хизмат намояд. Масолеҳи бинокорӣ аз сангу гил ва хишти гилин буда, қатъи назар аз боду борон, ярч ва заминҷунбиҳо, комилан ҳифз шудааст. Мутобиқати меъмории қалъа ва замине, ки дар он ҷойгир аст, беназир мебошад.
Бояд гуфт, ки минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон яке аз минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҷолиби таваҷҷуҳ қарор гирифтани кӯҳистони Тоҷикистон дар он аст, ки ин ҷо кӯҳҳову қуллаҳои сарбафалаккашида, кӯлҳои мусаффо, олами набототу ҳайвоноти нодир ва дар маҷмуъ, табиат дар шакли аввалааш ҳифз шудааст. Хусусияти ба худ хоси табиати Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо таъриху фарҳанги ниёгон, мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавоз, ҷашну анъанаҳои миллӣ, хӯрокҳои лазиз ва меваҳои шаҳдбор ҳамасола ҷаҳонгардони зиёдро ҷалб менамояд.
Дар робита ба ин бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ба Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Вале ин нишондиҳанда бо назардошти имконоти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии мамлакат кофӣ нест. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад






