Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
ДУШАНБЕ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 май дар Самарқанд Фестивали байналмилалӣ оид ба парапланронӣ баргузор гардид, ки дар он парапланронҳои тоҷик низ иштирок намуданд. Дар ин хусус Федератсияи парапланеризми Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сарнишин аз Тоҷикистон Шараф Раҳимов бо парчами давлатӣ байни сарнишинҳои кишварҳои дигар аз болои теппаҳои Узбекистон парвоз намуд.
Дар чорабинӣ беш аз 60 варзишгар аз 10 кишвари ҷаҳон иштирок кард.
Фестивал бо мақсади оммавигардонии намудҳои экстремалии сайёҳӣ дар Узбекистон ва афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ доир гардид.
Барномаи фестивал намоишҳо ва мусобиқаҳо дар парапланҳо, намоишгоҳҳои ғизоӣ, консертҳо, бозиҳои миллӣ ва мусобиқаҳоро дар бар гирифт.
АКС: Федератсияи парапланеризми Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






