ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 май, душанбе, 132-юмин рӯзи соли 2025 аст

12 майи соли 2010 дар Мянма дар бозии даври интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол — дастаи «Вахш» чемпиони Покистон — дастаи «Озмоишгоҳҳои таҳқиқотии Хон»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.
***
Соли 2010 Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 65-солагии Ғалаба шоми мусиқавии миллатҳо — «Биёед, дӯст бошем!»-ро баргузор намуд.
***
12 майи соли 2017 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали «Водии Данғара — 3»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
12 майи соли 2018 дар «Кохи Борбад» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот намуданд.
***
12 майи соли 2015 Бонки рушди Осиё Бонки «Эсхата»-ро ҳамчун бонки пешбар-ҳамкор оид ба тиҷорат ва маблағгузорӣ дар Тоҷикистон эътироф намуд.
***
Соли 2012 аввалин ҷаласаи Шурои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
12 майи соли 2021 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вақти вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеъҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд.
***
12 майи соли 2022 дар ҳошияи сафари расмӣ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфтанд.
***
12 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Тошканд қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 варзишгари Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқраи «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024»-ро ба даст овард.
12 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи шашмақом.
***
Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиб.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Барно Исҳоқова-соли 1927 -сароянда ва омӯзгор. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон