ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 май, панҷшанбе, 135-умин рӯзи соли 2025 аст

Май 15, 2025 08:00

15 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд.

***

15 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

***

15 майи соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар намуданд.

***

15 майи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Тоҷикистон ва Италия масоили рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

15 майи соли 2018 аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

15 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Хонаи ақди никоҳ «Қасри бахт», бинои нави Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи нави истеҳсолии «Ориё — Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

15 майи соли 2023  дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея  Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангминро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Душанбе байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Суди Олии аппелатсионии Ҷумҳурии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

15 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи ҷаҳонии оила.

***

Рӯзи ҷаҳонии иқлим.

Май 15, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш