Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот саъю талош менамояд

Май 11, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 11.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ ҳамчун ифодакунандаи марому ҳадафҳои стратегии миллату давлат таҷассум гардида, дар дигар санадҳои дахлдор инкишоф ёфта, бо муваффақият дар амал татбиқ мегарданд. Чунин изҳори назар намудааст  ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Сангов дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 бо ишора ба вазъи ноором ва равандҳои пуртазод ва мураккаби дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба вуқуъомада ҳушдор доданд, ки пайомадҳои буҳронии сиёсию иқтисодии дарпайдоштаи чунин авзоъ хатарзо буда, боиси нигаронӣ мебошанд.

Ин таҳлилҳои воқеӣ ва хулосабарориҳои мантиқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори соҳибтаҷриба ва муваффақи замони муосир мақсаднок ва саривақтӣ буда, ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон чун аъзои  комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва дар маҷмуъ, ба ҳифзи манфиатҳои минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст.

Дар ин санади муҳимми таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хусусияти мусолиматомез доштани сиёсати хориҷии Тоҷикистонро бори дигар ёдрас шуда, зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба тақвият додани саъю талошҳои пайгиронаро шарти зарурӣ ҳисобиданд.

Тавсия ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар муҳтавои моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон–санади асосии муаррифи миллат ва давлатро, ки дар таъйиноти зайл пешбинӣ гардидааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад» бозгӯйӣ намуда, моҳияти ҳуқуқбунёд будан ва сиёсати сулҳҷӯёна доштани давлати Тоҷикистонро  ифода менамояд.

Дар «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ» низ бо ҳамин мазмун омадааст: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон асосан ба он равона карда шудааст, ки усулҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалиро тарафдорӣ намуда, ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ҳал намудани тамоми ихтилофот буда, ҳуқуқ, озодӣ ва соҳибихтиёрии ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳоро эҳтиром мекунад, барои дӯстӣ, бародарӣ ва пешрафти минбаъда дар тамоми ҷаҳон саъю кӯшиш менамояд».

Воқеан, шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир аз ҳар субъекти комилҳуқуқи арсаи байналмилалӣ тақозо менамояд, ки ҳалли ҳама гуна мушкилот ва пайомадҳоро танҳо, аз тариқи мусолиҳат ва ҳамкории гуногунҷанбаи созанда дар заминаи асноди меъёрии байналмилалӣ ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини амният ва суботи минтақа ва ҷаҳон саҳм гузорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ аз оқибатҳои номуайяни он ки «ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад» ибрози назар намуда, паҳлуҳои гуногуни мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро мавриди таҳлил ва хулосабарории воқеӣ қарор додааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли касби Истиқлоли давлатӣ ва эътироф шудани  субъекти комилҳуқуқи арсаи байналмилалӣ дар марҳалаи мазкури мавҷудияти таърихӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти фаромиллӣ фаъолона дахл намуда, иқдоми мақсаднокро мавриди корбурд қарор додааст.

Бо ҳамин манзур  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба мақомоти олии қонунгузории мамлакат таъкид доштанд, ки «Тоҷикистон ҳамкории созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад». Дар робита ба ин муҳтаво Президенти Тоҷикистон  бо қатъият иброз медоранд, ки «иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон татбиқ  мегарданд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза мубориза бо терроризм ва экстремизмро, ки ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст, самти афзалиятноки пешгирифтаи Ҳукумат ва сохтору мақомоти марбутаи мамлакат меҳисобанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавиро ҳамчун сиёсатмадори соҳибтаҷриба дар пешниҳоди ин санади фаросоҳавӣ омили мусоидаткунанда барои эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ  шарҳу тавзеҳ додаанд. Ин андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне баён мегарданд, ки авзои зудтағйирёбанда ва пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир, бархӯрди бесобиқаи манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, густариши пайомадҳои хатарзо, шаклпазирӣ ва таъсиррасонокии рӯзафзуни зуҳуроти номатлуб масоили марбут ба амниятро ба мушкилоти рақами яки умумибашарӣ табдил дода, дар меҳвари мушкилоти ҷаҳонӣ ҷойгузин намудааст.

Имрӯз мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати ташаббускору пешсаф дар ҷодаи андешидан ва пиёда намудани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ дар самти истифодаи захираҳои об, таъминии устувории иқлим ва бехатарии табиати сайёра эътироф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ идома додани ҳамкорӣ дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табииро дар доираи имконияти мавҷуда таъкид намуда, андешидани тадбирҳои заруриро барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» мувофиқи мақсад донистанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ  дар идомаи ташаббусҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим дар соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гардидани Тоҷикистон некбинона пешбинӣ гардидааст.

Метавон гуфт, ки сиёсати хориҷии пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сиёсати «дарҳои кушода», ки он расман аз 31 декабри соли 2002 эълон гардидааст, ба таъмини манфиатҳои миллӣ, муаррифии давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ, иштирок дар пешгирӣ ва ҳалли мушкилоти глобалӣ, саҳмгузорӣ дар таҳкими субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаааст.

Хулоса, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи унсурҳои тамаддунӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик шакл пазируфта, принсипҳои муҳимтарини дорои хусусияти инсондӯстию демократӣ, аз ҷумла ҳусни эътимод, эҳтироми дӯстӣ, муносибатҳои нек бо кишварҳои ҳамҷавор ва мусоидат дар таҳкими амнияти умумибашариро таҷассум менамояд.

АКС: АМИТ: «Ховар»

Май 11, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ин шоҳасари мадании мусиқии тоҷик чун мероси аҷдодӣ давоми асрҳо аз устод ба шогирд гузаштааст
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Бо ёдгориҳои Қалъаи Ямчун шинос шавед ва кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшонро тамошо намоед
Тағйирёбии иқлим ба экосистемаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад
БАДАХШОН — ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Даҳаи дуюми моҳи май 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ҷашн гирифта мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад
Муҳаммадҷон Қосимов — ҳунарманде, ки нақшҳои офаридааш дар дилу ёдҳо нақш бастааст
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба стратегияҳо баррасӣ мешавад
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст
«БАРОДАРОН, БА МОДАРИ ВАТАН ВАФО КУНЕМ…». Ва ё Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар таърих ҳамто набуд!
Телевизионҳои Тоҷикистон дар ҳифзи фазои расонаӣ мавқеи устувор доранд