Вакили Маҷлиси намояндагон дар Анҷумани байналмилалии экологӣ иштирок дорад

Май 22, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти шиори «Сайёраи Замин: ҳамоҳангии инсон ва табиат» Анҷумани байналмилалии экологӣ оғоз шуд, ки дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок ва суханронӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Намояндагони даҳҳо кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, соҳибкорон, ҷомеаҳои илмӣ ва коршиносӣ дар анҷуман иштирок намуда, байни ҳам муколамаи кушод ва ҷаласаҳои мавзуӣ анҷом медиҳанд.

Дар рӯзи аввали кори конгресс ҷаласаи Комиссияи Шурои давлатии Русия дар мавзуи «Беҳбудии экологӣ» баргузор мегардад. Ҳамчунин чорабинии марказии пленарӣ «Экологияи воқеияти нав: мушкилот ва имконият» хоҳад буд, ки он ба майдони муҳокимаи стратегии таҳдидҳои глобалӣ ва миллии экологӣ, инчунин имконияти рушди иқтисоди «сабз» ва ҳамкории байналмилалӣ табдил хоҳад ёфт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид