Вобаста ба нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ конфронс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.
Иброз гардид, ки Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокорона дар роҳи пешрафти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни давлатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Шоир маҳбуби тоҷик дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт.
Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Маҳз хизматҳои шоиставу арзишманди Мирзо Турсунзодаро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни мубораки 90 — солагии устод Мирзо Турсунзода (соли 2001) бо камоли эҳтиром ва сипосгузорӣ ба фармоне имзо гузошта, ин фарзанди фарзонаи миллатро бо баландтарин унвони давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардониданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки «муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард».
Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқ буда, шеъру достонҳои ӯ фарогири ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ мебошанд. Дар эҷодиёти шоир мавзуи Ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад.
«Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро дар бар мегирад. Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд»,-таъкид гардид дар конфронс.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 22 августи соли 1973 ҳамчун Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфта, 21 марти соли 1978 ба он номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.
Дар донишкада нимпайкараи устод Мирзо Турсунзода гузошта шуда, майдону гулгаштҳои назди он дар соли равон навсозӣ гардиданд. Инчунин, ба хотири тақвият бахшидани хотироти зеҳнии донишҷўён ва гиромидошти ёду осори устод Мирзо Турсунзода дар донишкада маҳфили «Турсунзодахонӣ» пайваста баргузор мегардад.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






