Вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи 2030» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ҳадафи баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии кормандон, амалӣ намудани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва ба ин васила ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба коҳиш додани ин зуҳуроти номатлуб арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гардида, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста менамояд.
Дар ҷаҳони имрӯза коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ва буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро бигиранд.
Мубориза бар зидди коррупсия кори дастҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар фарди ҷомеа метавонад садди роҳи коррупсия гардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






