Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 15.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Ин ҷашн бо мақсади иҷрои банди 20-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир карда мешавад.
Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди маҳал, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани ин ҷашн муваззаф гардидаанд.
Мавриди ёдоварист, ки Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст. Ин ҷашнҳо ҳар яке марбут ба табиат ҳастанд, чуночи, Сада ҷашни оташ, Наврӯз ҷашни хоку замин, Тиргон марбути об ва Меҳргон марбути рӯшноии осмон ва ҳаво аст.
Ёдовар мешавем, ки Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир (тиррӯз) баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд.
Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ, дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодӣ эҳё гардид, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид






