Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ

25.06.2025, ноҳияи Ванҷ
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон таҷлили ҷашни сарҷамъиву баҳамоии мардуми ватандӯсти тоҷик, яъне бисту ҳаштумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ идома дорад.
Ба ин муносибат кулли сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва осоишу оромӣ орзу менамоям.
Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми заҳматдӯсти мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат дар фазои сулҳу субот ба фаъолияти созандаву ободгарона оғоз намуда, имрӯзҳо ба хотири ояндаи осудаи Ватан сарҷамъона талош карда истодаанд.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар таҳкими дастовардҳои истиқлол, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат саҳми сокинони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ низ назаррас мебошад.
Чун намунаи иқдому ташаббусҳои ободгаронаи мардуми ноҳия имрӯз мо дар ифтитоҳи як силсила иншооту биноҳои навбунёд иштирок кардем.
Самараи заҳмати сокинону соҳибкорон, ки хусусан, солҳои охир дар бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободии ноҳия вусъат гирифта истодааст, албатта, боиси қаноатмандӣ мебошад.
Бинобар ин, ба ҳамаи сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки дар раванди ободиву пешрафти диёри худ саҳми арзишманд гузошта истодаанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардида, то таҷлили ҷашн сохтмону ба истифода супоридани боз 38 иншоот бояд таъмин карда шавад.
Имрӯз баъди мулоқот бо шумо дар ноҳияи Дарвоз шоҳроҳи байналмилалии Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон ба масофаи 92,5 километр бо 12 пули нақлиётгузар ва як нақб бо дарозии 3400 метр ба истифода дода мешавад.
Ин рӯйдод барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллии мо, яъне ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши калон дошта, дар айни замон, ба амалӣ гардидани дигар ҳадафҳои стратегӣ низ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи бунёди нақбҳои «Хатлон», «Озодӣ», «Тоҷикистон», «Бадахшон» ва пули мошингузар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин масофаи байни шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ 40 километр кӯтоҳ мегардад, ки аҳаммияти калони иқтисодиву иҷтимоӣ дорад.
Масофаи кӯтоҳшавии роҳи Душанбе – Хоруғ, яъне 40 километр ба масофаи роҳ аз Хоруғ то Роштқалъа баробар мебошад.
Мо нақби 3400-метраро, ки имрӯз ба истифода медиҳем, «Тоҷикистон» ва нақби дуюми ин шоҳроҳро, ки 1800 метр дарозӣ дошта, то охири сол ифтитоҳ мегардад, «Бадахшон» номгузорӣ кардем.
Имрӯз, ҳамчунин, як роҳи мошингард аз нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳи байналмилалӣ то маркази ноҳияи Ванҷ бо дарозии 17 километр баъди азнавсозии пурра ба истифода дода шуд.
Дар робита ба ин, ба ҳамаи сохтмончиёне, ки дар иншооти мазкур содиқона заҳмат кашида, онро бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд, изҳори сипос менамоям.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои дурдасти кишвар, хусусан, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Дар ин раванд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Дар ин давра танҳо барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии он аз буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 600 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 311 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо 391 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.
Лоиҳаҳои зикршуда асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд.
Дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 4,3 миллион сомонии соли 1993 ба 10,7 миллион сомонӣ дар соли 2024 расидааст, ки 2,5 баробар зиёд мебошад.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,6 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳоло дар ноҳия 21 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли гузашта 11 корхона зиёд мебошад.
Хотиррасон менамоям, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бояд на кам аз 20 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бунёд карда шавад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар корхонаи коркарди санги мармари ноҳия фаъолияти 3 коргоҳи иловагӣ барои истеҳсоли сафолаку сангҳои ороишӣ ва коркарди калсит оғоз гардид.
Инчунин, дар ҳудуди парки инноватсионии ноҳия 6 коргоҳи саноатӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуд.
Дар коргоҳҳои мазкур беш аз 100 ҷойи кори доимӣ ташкил гардида, маҳсулоти онҳо ба бозори дохилӣ бароварда мешавад.
Роҳбарони вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки то ҷашни 35-солагӣ сохта ба истифода додани корхонаву коргоҳҳои банақшагирифтаро таъмин намоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ванҷ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 35 иншооти энергетикӣ ва хатҳои интиқоли барқ ба маблағи беш аз 95 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардида, ба истифода дода шудааст.
Танҳо дар чор соли охир барои барқтаъминкунии 16 деҳа 19 иншоот ва хатҳои интиқоли барқи 35-киловаттаи «Сурхсангов – Техарв» бо 46 зеристгоҳ ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ҳоло корҳои сохтмони неругоҳи барқи обии хурди «Пшихарв» оғоз гардидаанд.
Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Ҷамъияти саҳҳомии «Помир – Энерҷи» зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии таъминоти истифодабарандагон бо неруи барқ ва устувории низом дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ноҳияи Ванҷ дар қаламрави вилоят дорои имкониятҳои нисбатан мусоиди кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат нақши назаррас дорад.
Дар зарфи беш аз се даҳсолаи гузашта дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 6 баробар, картошка 8, сабзавот 16, мева 42, гӯшт 4, тухм 31 баробар, инчунин, саршумори чорвои калон ва чорвои майда 2 баробар зиёд гардидааст.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли 2025 низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби набудани шароити нигоҳдориву коркарди маҳсулот ва корхонаҳои бандубаст кишоварзон ба мушкилӣ дучор мешаванд.
Дар ҳолати таъмин намудани чунин шароит онҳо метавонанд даромади бештар ба даст оваранд.
Бинобар ин, таъкид месозам, ки роҳбарони ноҳия, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили маркази замонавии нигоҳдориву банду басти маҳсулот чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, роҳбарияти ноҳия дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар 20 соли охир дар ноҳия 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳоло ҳам зиёданд.
Ҳамасола шуста шудани даҳҳо гектар замини назди соҳили дарёи Ванҷ яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад, ки қисми онро заминҳои кишти зироатҳо ва майдони боғҳо ташкил медиҳанд.
Яъне дар ҳолати таъмин намудани устувории маҷрои дарёи Ванҷ имконияти ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтани ҳазорҳо гектар замину ҷангал ба вуҷуд меояд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо ҷалби шарикони рушд ҷиҳати таҳия ва татбиқи лоиҳаи дахлдор дар ин самт чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ванҷ 37 бинои муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 5 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло корҳои сохтмони боз 6 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 550 хонанда идома доранд.
Дар баробари ин, норасоии лавозимоти озмоишгоҳӣ, кабинетҳои фаннӣ, дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани бинои 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 8 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз мушкилоти асосиву ҳалталаби соҳаи маорифи ноҳия мебошанд.
Боиси таҳсин аст, ки дар ҳошияи сафари мо дар ноҳия бунёди 6 маркази рушди барвақтии кӯдак ба анҷом расид ва ба истифода дода шуд.
Бо вуҷуди ин, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия ҳамагӣ 29 фоизро ташкил медиҳад, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳа чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ минбаъд низ тадбирҳои мушаххас андешида, солимӣ ва дарозумрии аҳолии кишварро қадам ба қадам беҳтар мегардонад.
Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ аз ноҳия 142 нафар кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла 40 нафар тибқи квотаи президентӣ омода карда шудаанд.
Ҳоло боз 22 нафар ҷавонон аз ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои мазкур тибқи квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.
Буҷети соҳаи тандурустии ноҳия дар давраи соҳибистиқлолӣ сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 қариб ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба солҳои аввали истиқлоли давлатӣ садҳо баробар зиёд мебошад.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки дар ду соли охир сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Пшихарв, Одешт ва Ширговад анҷом дода шудааст.
Соли ҷорӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ бунёди бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.
Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки дар хусуси ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити муассисаҳои соҳа, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва таъмиру тармими иншооти тандурустӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти зиёд гардидани биноҳои истиқоматӣ ва иншооти хизматрасонӣ дар маркази ноҳия, ба роҳбарияти ноҳия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзиливу коммуналӣ» ва дигар вазорату идораҳои дахлдор корро дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои обу корез ҷоннок намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Чунонки мушоҳида мекунед, вазъи ҷаҳони муосир торафт мураккабу буҳронӣ гардида истодааст.
Аз як тараф мухолифату рақобатҳои шадиди миёни абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани дунё ва сарватҳои табиӣ, густариш пайдо кардани фаъолияти ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ амнияти сокинони бисёр давлатҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додаанд.
Аз тарафи дигар тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вобаста ба он – хушксоливу камобии паёпай, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони бисёр минтақаҳо ва кишварҳои сайёраро рӯз ба рӯз душвор сохта истодаанд.
Дар чунин шароит вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор аз он иборат аст, ки мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намоянд.
Мо бояд фаромӯш накунем, ки чӣ рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузаронидем.
Бинобар ин, мо бояд ҳамеша шукронаи сулҳ ва зиндагии орому осударо ба ҷо оварем ва барои таҳким бахшидану эҳтиёт кардани ин неъмати бебаҳо доим талошу кӯшиш намоем.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ба анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода шавад.
Дар робита ба ин, як нуктаи муҳимро таъкид менамоям: рӯз ба рӯз беҳтар гардидани шароит ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, болоравии масъулияти ватандориву ватансозии мардуми шарифи кишвар моро ба чунин хулосаи қотеъ мерасонад, ки танҳо бо ҳисси баланди миллӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам нек хоҳем расид.
Итминони комил дорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Ванҷ дар оянда низ бо фаъолияти созандаи худ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва таҳкими пояҳои давлати миллиамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Рӯзи ваҳдати миллиро ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳияи зебоманзари Ванҷ хушбахтиву хушрӯзӣ, рӯзгори пурфайз ва барори кор мехоҳам.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!