ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик дар масири беш аз се даҳсолаи Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти давлатдорӣ корҳое ба анҷом расонид, ки бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд. Дар таърихи давлатдории навини мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун Роҳбари соҳибмактаб ва арбоби давлатӣ, балки чун Пешвои ҳақиқии миллат эътироф гардидаанд. Дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози гузариш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути амалӣ намудани сиёсати оқилонаю дурандешонаи иҷтимоию фарҳангӣ ва тарғибу ташвиқи таъриху тамаддуни бостонии миллӣ тавонистанд мардумро дар атрофи идеяҳои муттаҳидкунандаю пешбаранда ба ҳам биёранд.
Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки пас аз эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаҳои сиёсӣ ба хотири расидан ба қудрат якбора авҷ гирифт. Соли 1992 соли бемеҳрӣ, дилсардӣ, соле буд, ки дилҳо даруни синаҳо месӯхтанд, ашкҳо дар хонаи чашмон гирд мегаштанд, соле буд, ки барои нафароне байни сиёҳу сафед, талху ширин, гарму сард, ҳалолу ҳаром, хайру шарр, адолату разолат, меҳру муҳаббат, кинаву адомат фарқе намонда буд. Соле буд, ки кӯдак дар гаҳвораи хеш имдодҷӯёнаю умедворона дасту по мезад. Дар ин сол зиндагонӣ тира буду орзуҳо ба боди фано мерафтанд. Соле буд, ки мафҳумҳои ишқ, умед, бахт, модар, Ватан қадр надоштанд. Одамон миёни ҳаёт ва марг зиндагӣ мекарданд.
Ҳатто барҷастатарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ натавонистанд ояндаи давлати Тоҷикистонро пешгӯӣ кунанд. Вақте дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардум роҳбарии давлатро ба зиммаи Раиси тозаинтихоби мақоми олии қонунбарор вогузор намуданд, баъзе таҳлилгарони сиёсӣ ба беҳбуди вазъият бовар надоштанд. Аммо ҷавонмарди далеру ҷасуру хирадманд Эмомалӣ Раҳмон бо гуфтору рафтору пиндори хеш аз сари нав шуълаи умедро дар дилҳои пиру барно фурӯзон карда, иттиҳоду ҳамбастагиро ҳамчун шарти ягонаи раҳоӣ аз вазъи касофатбор мароми ҳукумат ва раият эълон карданд.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфт. Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Имрӯз ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Яке аз ҳамватанон иқрор шуд, ки барномаҳои иттилоотии телевизионҳоро маҳз ба хотири огоҳӣ аз кору бор, иқдом ва сафарҳои Роҳбари давлатамон тамошо мекунад. Воқеан, сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои дурахшон дар ҳаёту рӯзгори мо, саҳифаҳои рангин дар китоби фатҳу нусратҳо, дарсҳои пурмазмун аз боби ватану ватандӯстдориянд. Сарвари давлат дар ҷараёни сафарҳо ба вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо таваҷҷуҳ карда, барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳо кӯшишу талош ба харҷ медиҳанд.
Вақте ки Савари давлати мо сухан мегӯянд, ҳамагон эҳсос мекунем, ки он кас тамоми роҳҳои заминию ҳавоии Тоҷикистонро хат ба хат аз ёд медонанд. Дар бораи ҳар шаҳру ноҳия, таърихи мавзеъҳо, зиндагиномаи зодагони фарҳехтаи ҳар маҳал маълумоти ҷолиберо арзёбӣ мекунанд. Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат ба мо сабақу ҳушдорҳои зиёд медиҳанд, водорамон месозад, ки дар бораи дирӯз, имрӯз ва ояндаамон ба таври ҷиддӣ андеша кунем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони ҷаҳондидаю рӯзгордида бо дилсӯзию масъулият борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин аст, мо зодагони ин диёр бояд ба қадри ҳар қатраи об, ҳар резаи санг ва ҳар гулу гиёҳи он бирасем.
Ёд дорем, рӯзе, ки роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент кушода шуд, Пешвои миллат худашон паси чанбараки мошин нишаста, ин роҳи навбунёдро тай карданд ва раҳораҳ оид ба таъриху аҳамияти роҳҳо сухан гуфтанд. Ҳамчунин ёд дорем, ки Сарвари давлат дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», дар рӯзи бастани пеши маҷрои дарёи Вахш ба паси чанбараки булдозер нишаста, хоку сангро ба сӯйи маҷро тела медоданд. Ин манзараҳоро аз телевизион ба таври мустақим тамошо мекардему дилҳоямонро ҳисси ваҷду ифтихор фаро мегирифт. Ё худ, аз нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон бори аввал худи Роҳбари давлат бо мошин гузар карда, ба сифати кори бунёдкорон баҳо доданд.
Пешвои миллат дар миқёси ҷаҳон ҳамчун шахсияти таъсиргузор ва барӯманд эътироф гардидаанд. Барои ба эътидол овардани вазъият дар кишварҳое, ки ба сардаргумиҳо ва печидагиҳо гирифторанд, дастуру пешниҳодҳои судманду оқилонае изҳор дошта, иштироку нақши созмонҳои байналмилалиро дар маҷрои ҳаводис тақвият мебахшанд.
Ҷомеаи ҷаҳон пешниҳод ва иқдоми Роҳбари давлати моро бо хушнудӣ мепазирад. Ин пешниҳодҳо ба масъалаи пешгирии ҷангу низоъҳо, боздоштани равандҳои хатарбори терроризм ва экстремизм, дастрасии беҳтари аҳолии сайёра ба неъмати гаронбаҳои табиат-об, ҳифзи пиряхҳо дар марҳалаи тағйирёбии иқлим ва арҷгузории арзишҳои фарҳангӣ нигаронида шудаанд.
Иқдоми Пешвои миллат ба хотири созандагӣ ва бунёдкорӣ имрӯз дар саросари мамлакат, дар ҳар як деҳаву шаҳр нақши барҷаста ва носутурданӣ дорад. Имрӯз ҳар хонавода аз файзу баракати даврони истиқлолият баҳравар аст. Халқи тоҷик ташаббусу азми роҳбарияти давлатамонро дар самти бунёдкорӣ ва ободонӣ дастгирӣ мекунад ва шукронаи сулҳу амният мегӯяд. Аз ҷониби худ ваъда медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамонро содиқонаю якдилона ҷонибдорӣ мекунанд. Барои пешравӣ ва шукуфоии бештари Ватани азиз тамоми қуввату неруро сарф карда, осоиштагӣ ва ваҳдатро монанди гавҳараки чашм азизу муқаддас мешуморанд.
Луқмон ҚУРБОН,
сармуҳаррири рӯзномаи «Зарафшон», адиб.
Искандари РАҲМОН,
адиб ва омӯзгор аз шаҳри Панҷакент
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард






