Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад

Июнь 12, 2025 10:14

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қазоқистон пешниҳод намудаанд,  ки пӯшидани бурқа, ниқоб ва дигар либосҳое, ки рӯйро мепӯшанд, манъ карда шавад.  Пешниҳод гардидааст, ки ба қонун «Дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо», ки айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад, тағйироти дахлдор ворид карда шавад, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Tengrinews.kz.

Ҳолатҳое истисно шуда метавонанд, ки чунин либос барои риояи талаботи қонун, барои мақсадҳои тиббӣ, мудофиаи гражданӣ, дар шароити муайяни обу ҳаво ва ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ истифода бурда шавад.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни суханронӣ дар иҷлосияи IV Курултойи Миллӣ  моҳи марти соли  равон,  ба ҷои пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад,  пӯшидани  либоси миллиро ҷонибдорӣ намуд.

«Зиёд  гардидани  талабот ба либоси миллӣ,  ба ифтитоҳи коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пайдо шудани бренду мағозаҳои нав мусоидат кардааст. Ҳамин тавр, пӯшидани либоси миллӣ тадриҷан ба як амри маъмулӣ табдил ёфта истодааст. Ин як тамоюли хеле хуб аст. Ба ҷои пӯшидани либоси сиёҳе, ки рӯйро пинҳон мекунад, беҳтар аст, ки либоси миллӣ бипӯшем. Либоси миллии мо ба таври возеҳ мутобиқати фарҳангии халқи моро таъкид мекунад, ба ин хотир ҳам бояд ҳарчӣ бештар ҳамаҷониба оммавӣ гардонида шавад»,-гуфт Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 12, 2025 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд