Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Интизор меравад, ки имрӯз, 4 июн барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбарони ҳукуматҳо ва намояндагони Озарбойҷон, Белорус, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон ва Туркманистон ташриф оранд.
Сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар анҷоми ҷаласа изҳороти матбуотӣ бо иштироки Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев барои намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






