Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад

Июнь 12, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон пешниҳод намуд, ки  дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15- сола манъ карда шавад. Дар ин бора ӯ дар пахши шабакаи телевизионии France 2 изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Ман тарафдори манъи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15 — сола ҳастам. Ин корро мо метавонем анҷом диҳем. Зеро ҳамаи ин платформаҳо имкони санҷиши синну солро бо истифода аз шинохти чеҳра ё ID-ро доранд», — гуфт Президенти Фаронса.

Макрон афзуд, ки дар Фаронса аллакай махзани маълумотҳо мавҷуд буда, ҳар як мактаббача рақами инфиродӣ дорад ва аз он метавонад барои тасдиқи синну сол истифода намояд.

Тавре Макрон ишора намуд, «шумораи зиёди ҳолатҳое мавҷуданд, ки кӯдаконе, ки рафтори хашмгин доранд, дар оилаҳои нопурра ба воя мерасанд ва таваҷҷуҳу  тарбияи дуруст намегиранд».

«Ман мехоҳам ба баррасии ин масъала дар сатҳи аврупоӣ ноил шавам. Агар ба он ноил нашавам, ин корро дар Фаронса амалӣ хоҳем кард. Набояд интизор шуд», — гуфт Президенти Фаронса.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 12, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд