Душанбе ба майдони муколамаҳои густардаи масоили ҷаҳонии экологӣ табдил ёфт

Июнь 3, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати башардӯстона ва ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва Душанбе ҳоло вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин ҳафтаи гузашта низ таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ва расонаҳои маъруфи хориҷӣ ба Душанбе нигаронида шуда буд. Зеро, ин навбат низ Душанбе аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ кард.

Конфронс бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пирхҳо доир гардид.

Шукӯҳ ва шаҳомати ин ҳамоиш дар он буд, ки дар кори он беш аз 2600 нафар аз 90 кишвари ҷаҳон иштирок карда, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Иштироки роҳбарони Тоҷикистону Покистон, муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони воломақоми кишварҳои Эрон, Зимбабве, Гамбия, Малдив, дабирони кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, роҳбарони ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО, вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, бахши хусусӣ ва занону кӯдакон нуфузи ҳамоиши Душанберо боз ҳам боло бурд.

Воқеан, пиряхҳо захираҳои муҳимми оби тоза мебошанд ва барои танзими иқлим ва дастгирии гуногунии биологӣ нақши муҳим доранд. Обшавии пиряхҳо, ки аз гармшавии глобалӣ суръат гирифтааст, барои экосистемаҳо ва рушди устувор таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд.

Тавре дар ҷараёни конфронси Душанбе аз ҷониби коршиносон таъкид гардид, обшавии пиряхҳо оқибатҳои ҷиддиро ба бор меоранд. Аз ҷумла, баланд шудани сатҳи баҳрҳо метавонад боиси зери об мондани шаҳрҳои соҳилӣ ва дигар минтақаҳои пастхамиҳо гардад. Инчунин, обшавии пиряхҳо метавонад боиси кам шудани захираҳои оби тоза гардад, ки ин дар оянда ба соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва тандурустии инсонҳо таъсири манфии худро расонад.

Албатта, барои пешгирии обшавии пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шурӯъ аз имрӯз тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба аҳли башар амалҳои фаврии зеринро ҷиҳати коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо пешниҳод намуданд:

Якум. Баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои рушди устувор;

Дуюм. Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он;

Сеюм. Амалӣ намудани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ ба мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим.

Барои ҳалли ин масъала пешниҳод мегардад, ки давлатҳои дорои имконияти ҷамъоварии маълумоти дақиқ оид ба ҳолати пиряхҳо, бахусус, тавассути зарфиятҳои маҳвораӣ, табодули доимии иттилоотро бо кишварҳои дорои имкониятҳои маҳдуд дар ин ҷода роҳандозӣ намоянд;

Чорум. Татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ.

Бахусус, барои ҳифзи наботот ва ҳайвоноте, ки дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо аз шароити маъмулии зисти худ маҳрум мегарданд, бояд чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Панҷум. Аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда бо тадбирҳои марбут ба ҳалли мушкилиҳои тағйирёбии иқлим ҳамоҳанг ва наздик мебошанд.

Бинобар ин, зарурати мусоидат ба кишварҳо дар татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла дар минтақаҳои осебпазир тавассути равишҳои ҳамгироӣ, аз қабили низомҳои огоҳсозии пешакӣ ва коҳиши хатари офатҳо ба вуҷуд меояд.

Шашум. Истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молӣ ва фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ ба Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

Ҳафтум. Таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда.

Инчунин, пешниҳод менамоям, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад».

Албатта, ин пешниҳодҳои саривақтии Пешвои миллат аз ҷониби иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамовозӣ пайдо карда, дар санадҳои ниҳоии конфронс, аз ҷумла дар Эъломияи Душанбе ва Даъвати Душанбе: даъват барои амал махсус таъкид гардиданд.

Умед мебандем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси Душанбе масъулияти хешро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим боз боло мебарад. Зеро ҳар рӯз, моҳ ва соли беамалӣ дар ин самт ба оқибатҳои мудҳиш оварда мерасонад.

Аз ин рӯ, дар атрофи сиёсати дурандешона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти ҳифзи пиряхҳо муттаҳид гардида, барои амалӣ намудани онҳо ва огоҳонии мардум ҳар яки мо бояд саҳми худро гузорем.

Ёқубҷон Абдуманонзода,
сармуҳаррири нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 3, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст
Маликшо Неъматзода: «Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд»