Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси палатаи обшини Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Линдси Ҳойл мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Тоҷикистон ба рушди босуръати муносибатҳои эътимодбахш бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла густариши робитаҳои байнипарлумонӣ хеле манфиатдор аст.
Таъкид шуд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ дар робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Британия мақоми хосаеро ишғол намуда, намунаи барҷастаи муколамаи ошкоро, созанда ва пурмазмун мебошад.
Ҳамчунин вохӯрии Файзалӣ Идизода бо намояндагони кумитаҳои дахлдор ва гурӯҳҳои вакилони Парлумони Шоҳигарии Муттаҳида доир гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин бо ҳамватанони муқими мо дар ин кишвар мулоқот намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






