Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд

Июнь 19, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати 100- нафараи Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва собиқадорону занони фаъол дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба чор гурӯҳ тақсим шуда,  дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе — Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур бо сарбозон, занону духтарон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони ваҳдатсаро» 16 июн дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва 17 июн дар  шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун дар қисмҳои низомӣ бо сарбозону афсарон, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» вохӯрӣ намуданд.

Ҳайати корвон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию  фарҳангии мамлакатро тамошо карданд.

Ҳамчунин дар деҳаҳои ин шаҳру ноҳияҳо бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» бо занону духтарон суҳбат намуда, бо рӯзгордорӣ ва ҳунарҳои дастии онҳо шинос гардиданд.

Хотиррасон  мешавем, ки 20 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ҳайати 100 -нафараи Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ин конфронси ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.

Моҳинави НАРВӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад