Муовини якуми Раиси ҲХДТ: «Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омада, Тоҷикистон ба гулистон табдил ёфт»

Июнь 24, 2025 08:26

ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 сол аст, ки мардуми шарафманди тоҷик бо шарофати Ваҳдати миллӣ аз сулҳу субот, оромию осудагии Ватан шукрона намуда, шоҳиди шоҳкориҳои азим- бунёди садҳо муассисаҳои таълимию тиббӣ, фарҳангӣ, бунёди пулу роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар дастовардҳои мамлакат гардидаанд. Ваҳдати миллӣ оғози марҳалаи рушду нумуи миллати тоҷик гардида, эҷодгари он Пешвои ваҳдатофари мо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки номи шарифашон дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Матни пурраи мақола дар зер оварда мешавад.

— Ваҳдат ифодагари волотарин орзуву омоли халқ буда, он асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисози фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи фатҳи он гардид.

Тоҷикон доиман ваҳдатшиор ва ваҳдатгустар буданд. Ҳатто солҳое, ки пас аз Давлати Сомониён ваҳдати сиёсӣ надоштанд, дар ваҳдати комили маънавию забонӣ, тафаккур ва андеша қарор доштанд. Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, мутаассифона, ваҳдати сиёсие, ки хоси ҷомеаи воҳид ва василаи мумтози ҳамбастагии ӯст, заиф шуд. Барои аз нав эҷод кардани ваҳдати сиёсиву давлатдории замони нав диду истеъдоди тоза, эҳсоси амиқи самтҳои рушди ҷомеаи башарӣ, дида тавонистани мавқеъи ва ҷойгоҳи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, муайян ва мушаххас гардондани тадбирҳое, ки барои ташаккул ва инкишофи як давлати муосир хосанд, аҳамияти ҳалкунанда касб намуд.

Аз ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омаданд ва роҳҳои замонавӣ, иншооту коргоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, ободиву навсозиҳои бисёр дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии мамлакат ба рӯйдоди муқаррарӣ мубаддал гардидаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистони моро як давлати дар ҳоли рушд шинохтаву эътироф намудааст.

Тайи чанд сол аст, ки зимни назарсанҷии чандин пажӯҳишгоҳҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии Гелап ва Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисоди Амрико Тоҷикистон ҳамчун амнтарин кишвари ҷаҳон мақом пайдо намудааст.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо гулрез аст, офтоби дурахшон болои сари мардуми ин диёри файзхез шуълапошӣ мекунад, шаҳру деҳи мамлакат қабои идона ба бар кардааст.

Инак, беш аз 30 сол аст, ки дар замони нави таърихӣ, эҳёи давлатдории тоҷикон умр ба сар дорем. Баъд аз ҳазор соли ҳукмронии аҷдоди бузургу хирадпешамон – сулолаи Сомониён, ки марзу буми он як қисмати бузурги Шарқро дар бар мегирифт ва бо рушду инкишофи худ шуҳратёр буд, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ пайдо кардааст.

Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихороти ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Чи хуш аст, ки дар кору пайкор, ҳар иқдому нияти мардуми он ба хотири таҳкими он бошад. Дар марҳалаи имрӯзаи ҳаёт омилҳое бояд пайгир шаванд, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшида, онро халалнопазир намоянд. Мусоидат ба ризояти умум ва ваҳдату ягонагии халқи ҷумҳурӣ, бо камоли қатъият ва мунтазам ба ҳаёт татбиқ намудани қонунҳо ва қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ ва озодии комили ҳамаи қавму миллатҳои сокини мамлакат дар асоси Конститутсияи мамлакат дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, муборизаи беамон ба муқобили таасубу хурофот, терроризму экстримизм, тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ омилҳои таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллӣ маҳсуб мегарданд.

Ваҳдати абармарди сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи моро шод, ваҳдати Пешвои миллат мулки моро обод ва синаҳои мардумони моро аз бади озод кард.

Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар руҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.

Июнь 24, 2025 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад