Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд

Июнь 20, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лоиқ Шералии пойтахт бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Иншоот дар масоҳати 30 садяк сохта шуда, аз 6 ошёна бо таҳхона иборат мебошад. Бинои мазкур аз 59 ҳуҷраи корӣ, ошхона, толори маҷлисӣ иборат буда, дар ошёнаи якум чойгиронии мошинҳои оташнишонӣ ва махсус пешбинӣ гардидааст ва дар ошёнаҳои дигар ба кормандон баҳри иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва пешрафти фаъолияти хизматӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ кормандони мақомотро бо бинои наву замонавӣ табрик намуда, барои иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳои бар уҳда доштаашон дар назди халқу Ватан даъват намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шароити фароҳамовардашуда барои кормандони мақомоти милитсия баҳои баланд дода, ҳайати шахсиро ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, саҳми фаъол гузоштан дар пешгирии ҷинояткорӣ дар пойтахт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои дигар уҳдадориҳои касбӣ вазифадор намуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июнь 20, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд