Сарвазири Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки «Рӯзномаи рақамии ИДМ то соли 2030» таҳия карда шавад

Июнь 5, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Замон аз мо на танҳо мутобиқшавӣ, балки паҳлӯ ба паҳлӯ, дар якҷоягӣ ба пеш ҳаракат карданро тақозо менамояд. Танҳо дар мавриди муттаҳид шудани неруҳо, мо метавонем ояндаеро таъмин кунем, ки дар он халқҳои мо дар сулҳу субот, шукуфоӣ ва некуаҳволӣ зиндагӣ намоянд», — изҳор дошт Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба андешаи Сарвазири Тоҷикистон, дар баробари таҳдидҳои замони муосир аз тағйирёбии манзараи сармоягузории ҷаҳонӣ то афзоиши хатарҳои иқлимӣ ва суръатбахшии таҳаввулоти технологӣ – аз мо на танҳо мутобиқ шудан, балки таҳияи равишҳои нави рушдро низ тақозо мекунад.

«Мо бояд ба оянда назар андозем ва сиёсати худро бар пояи роҳнамоҳои устувори стратегӣ, ки рақобатпазирӣ ва некуаҳволии давлатҳои моро таъмин карда метавонанд, бунёд намоем. Дар ин росто, пешниҳод намудани ташаббусҳое муҳим аст, ки манфиатҳои тамоми Иттиҳодро инъикос намуда, имкони ҳамкории мутақобилан судмандро фароҳам оранд», — иброз дошт Қоҳир Расулзода.

Сарвазири Тоҷикистон ду самти афзалиятнокеро, ки дар доираи ИДМ сазовори таваҷҷуҳи хосаанд ва метавонанд заминаи барномаву лоиҳаҳои муштараки системавӣ гарданд, пешниҳод намуд. Самти аввал ба таҳияи Консепсияи рушди устувори иқтисоди сабз, мутобиқшавии иқлим ва ҳамгироии технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ба иқтисодиёти давлатҳои ИДМ алоқаманд аст.

«Чунин ташаббус на танҳо ба мо имкон медиҳад, ки равишҳоро барои коҳиш додани хатарҳои экологӣ ва иқлимӣ ҳамоҳанг созем, балки воридшавии инноватсияҳо ва сармоягузориҳои «сабз» ба иқтисоди минтақаро таъмин намояд. Консепсия метавонад як платформаи табодули таҷрибаҳои беҳтарин, таҳияи стандартҳои ягона ва ҷалби дастгирии байналмилалӣ дар чаҳорчӯби рӯзномаи ҷаҳонии иқлим гардад. Самти дуюми муҳим ин рақамикунонии иқтисодиёт ва гузариши идоракунӣ мебошад. Тағйироти босуръати технологӣ кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи кишварҳои ИДМ барои татбиқи самараноки рӯзномаи рақамиро талаб мекунад», — тазаккур дод Қоҳир Расулзода.

Сарвазири Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки «Рӯзномаи рақамии ИДМ то соли 2030» таҳия карда шавад, ки стандартҳои шахсияти рақамӣ, тиҷорати электронӣ, ҳалли ягонаи платформа ва хизматрасониҳои рақамии давлатиро дар бар мегирад.

Иброз гардид, ки муттаҳидсозии технологияҳо ва равандҳо имкон доранд ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, логистика, рушди тиҷорати хурд ва таъмини амнияти киберӣ ба таври назаррас мусоидат намоянд. Инчунин дастгирии ташкили марказҳои муштараки IT ва барномаҳои таълимӣ муҳим аст. Тоҷикистон омода аст, ки дар ин иқдомот фаъолона иштирок намояд ва имкони татбиқи лоиҳаҳои озмоиширо баррасӣ кунад.

Сарвазири Тоҷикистон иброз дошт, ки табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами рушди ИДМ ва қарорҳои қабулшуда ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти он, инчунин ба афзоиши самараноки ҳамкории давлатҳои иштирокчӣ, ҳамзамон дар самтҳои асосӣ ва калидмии бисёрҷонибаи давлатҳои иштирокчӣ саҳми иловагӣ хоҳанд гузошт.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Шараф Шерализода дар Барселона бо намояндагони ниҳодҳои Испания мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба нақлиёт ва коммуникатсия мулоқот намуд
Дар Шуша ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид
Зарурати тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва иёлоти Ютаи Амрико таъкид шуд
Дар Вена «Устувонаи Куруши Кабир» муаррифӣ гардид
Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Кантслери Австрия оид ба корҳои хориҷӣ мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ гардид
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми 10-уми байналмилалии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Барселона иштирок намуд