Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

27.06.2025, ш.Хоруғ
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузории амиқ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Ин санаи муҳим, ки мо ба он маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди мамлакат расидем, оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.
Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо рамзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, буҳронҳои геополитикиву геоиқтисодӣ ва дигар равандҳои печида хоси он мебошанд, нигоҳ доштани фазои сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди бедордилу ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аз оғози таърихи ташаккулёбии худ пуштибону тарғибгари фарҳанги сулҳ ва ойини сулҳофарӣ буд.
Ҳанӯз 2500 сол пеш шоҳаншоҳи бузурги ориёӣ – Куруши Кабир дар эъломияи худ, ки ҳамчун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон шинохта шудааст, сулҳро аз ҷумлаи арзишҳои олидараҷае шуморидааст, ки амнияти башарро таъмин мекунад.
Мо, ки ворисони мероси ҷовидонаи ниёгони некноми худ мебошем, ҳанӯз беш аз сӣ сол қабл фаъолияти шабонарӯзиро ба хотири қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъмин намудани сулҳ оғоз кардем.
Зеро барои мо ҳифзи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии Ватан, наҷоти миллат аз парокандагӣ ва ҳифзи давлат аз хатари нестшавӣ масъалаи муҳимтарин ва ҳаётӣ ба шумор мерафт.
Тавре ки ҳамватанони калонсол ва миёнсоли мо дар хотир доранд, дар он айёми даҳшатноку пурфоҷиа қариб як миллион нафар ҳамватанони мо аз тарси ҷони худ ва аҳли оилаашон ба кишварҳои дигар гуреза шуданд.
Яъне хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва вобаста ба ин, аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.
Мо ба майлу ирода ва дастгириву пуштибонии мардумамон ва ба хотири аз ноумедиву оворагӣ наҷот додани онҳо дар як муддати кӯтоҳ қариб як миллион нафар ҳамватанонамонро ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидем.
Ин корро мо барои он анҷом додем, ки миллати мо, мардуми мо дар ба дари дигарон сарсону овора ва дастнигару бечора нагарданд, сарҷамъ шаванд, ваҳдат кунанд, давлати соҳибистиқлол, Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва хонаву кошонаи хешро обод созанд.
Агар мо ба ин масъала аз диди имрӯз назар андозем, аҳаммияти корҳои он рӯзҳо анҷомдодаамонро боз ҳам беҳтару равшан мебинем.
Яъне агар мо ин корро анҷом намедодем, тасаввур карда метавонед, ки ҳолу аҳволи миллати мо ва мардуми дар кишварҳои дигар паноҳбурдаи мо чӣ мешуд?
Фикр мекунам, ки шарҳи минбаъдаи ин мавзӯъ, бо дарназардошти равандҳое, ки мо ҳоло дар ҷаҳон мушоҳида мекунем, ҳоҷат надорад.
Маҳз барои ҳамин мо ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомез, яъне бо роҳи осоишта ҳаллу фасл гардидани ҳар гуна мухолифату низоъҳо дар ҷаҳон ҳастем, зеро ҷавҳари фарҳанги миллати бостонии моро сулҳу осоиш ва инсондӯстӣ ташкил медиҳад.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар заминаи ваҳдати миллӣ барқарор гардидани амнияту субот ба мо имкон дод, ки барномаҳои муҳимми рушди иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ намуда, дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегиамон қадамҳои устувор гузорем.
Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имрӯз сатҳу сифати зиндагии мардумамон пайваста боло меравад ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири фардои ободи Ватан ва ояндаи дурахшони фарзандону набераҳои худ ба заҳмати созандаву ободгарона машғуланд.
Ҳоло Ҳукумат ва мардуми кишвар тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ сафарбар кардаанд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз боло меравад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра пешсаф мешиносад, эътироф мекунад ва ташаббусҳои онро дастгириву амалӣ месозад.
Конфронси сатҳи баланд доир ба ҳифзи пиряхҳо, ки чанд рӯз пеш дар пойтахти кишварамон доир гардид, далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Мо имрӯз дар доираи сиёсати «дарҳои кушода» бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд барқарор кардаем.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳоло Тоҷикистони мо дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад, ки яке аз нишонаҳои возеҳи он бунёди роҳҳои мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар робита ба ин, мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки шоҳроҳҳои нави нақлиётӣ ҳамчун пайвандгари сокинони ҳамаи гӯшаву канораҳои кишварамон рамзи асосии ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Тасаввур кунед, ки мардуми мо садсолаҳо аз чунин имкониятҳои мусоиди рафтуомад маҳрум буданд, ки чунин ҳолат, албатта, ба мафкураву рӯҳияи одамон, ба ҳисси наздикии онҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа бетаъсир намемонд.
Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи комил тавонистем Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил диҳем.
Бунёди шоҳроҳҳои замонавӣ, аз ҷумла тавассути ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ду рӯз пеш як қитъаи асосӣ ва бисёр муҳимми онро дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ифтитоҳ намудем, ҳоло Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил додааст.
Бо оғози рафтуомад тавассути ин роҳ, яъне шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки пештар 4 – 5 соатро дар бар мегирифт, имрӯз ин масирро дар фосилаи якуним соат тай кардан мумкин аст.
Ин омил, яъне роҳҳои замонавӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди муназзаму устувори кишвар ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Ду рӯз пеш, ҳамчунин, неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа бо тавоноии 11 мегаватт, ки бо харҷи беш аз 700 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ба фаъолият оғоз намуд.
Неругоҳи мазкур иқтидори энергетикии вилоятро 25 фоиз афзоиш дода, маҳдудияти интиқоли неруи барқро дар соатҳои сарборӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бартараф месозад.
Боиси сарфарозиву қаноатмандист, ки имрӯз ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз Ватани соҳибихтиёру озод, пос доштани мероси таърихиву арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии мардуми тоҷик бамаротиб густаришу тақвият ёфтааст ва ин падидаи нек моро ба ояндаи дурахшони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ умеди қавӣ мебахшад.
Мо Рӯзи ваҳдати миллии имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон босуръат идома дошта, неруи иқтисодии давлати тоҷикон ва фарҳанги сиёсии миллати тоҷик таҳкиму тавсеа ёфта истодааст.
Ҳоло мардуми кишварамон амиқан дарк кардаанд, ки истиқлоли давлатиро танҳо бо заҳмати аҳлонаву созанда, тафаккури пешрафтаву ҷаҳонбинии муосир, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон тақвият бахшид.
Дар шароити ҳозира ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тарбия кардани фарзандони худ, яъне наврасону ҷавонон саъю талош варзад.
Мо бояд наслҳоеро тарбия намоем, ки ояндаи давлату миллатро ба дӯш гирифта, амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамонро таъмин карда тавонанд ва кору фаъолияти падарони шуҳратманди худ – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва садҳо бузургону фарзонаҳои дигарро бо садоқат ба миллат ва давлати хеш идома бахшанд.
Бо умеди ояндаи боз ҳам ободи Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар кулли ҳамватанони азиз, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу иқболи баланд, хонаи обод, барору муваффақият ва ба Тоҷикистони азизамон оромиву субот ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям.
Бигзор, ваҳдату ягонагӣ дар сарзамини аҷдодиамон ҳамеша равшангари роҳи мардуми шарифи тоҷик ба сӯйи ободиву созандагӣ ва пешрафту тараққиёт бошад.
Ҷашни ваҳдату ҳамбастагӣ муборак, ҳамватанони азиз!