ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июн, якшанбе, 152-юмин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 1, 2025 08:00

Дар ин рӯзи  соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» фармон имзо намуданд, ки пас аз он дар ҷумҳурӣ  ҳар сол 30 сентябр Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.

***

1 июни соли 2010 бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб» ба истифода дода шуд. Барои бунёди бино Ҳукумати мамлакат 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда буд.

***

1 июни соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла дастаи миллии Тоҷикистон низ дохил шуд.

***

Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид.

***

1 июни соли 2012 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Пешвои миллат дар он ҷо бо мири (котиби кумитаи ҳизбии) шаҳри Сямэн Лю Кесин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин шаҳри бузургу бостонии кишвари Чин баррасӣ шуд.

***

7 сол қабл, 1 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.

***

1 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо –сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

***

Соли 2019 дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ Иди асал бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.  Дар  он  занбӯрпарварон аз тамоми гӯшаҳои мамлакат, хусусан аз вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  иштирок намуда, беҳтарин намудҳои асалро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

***

Соли 2022 дар шаҳри Тошканд байни  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Узбекистон таҳти унвони «Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалии муштарак баргузор  шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардид. Зимни он ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

1 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи  байналмилалии муҳофизати  кӯдакон.

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти  назорати маводи нашъаовар

***

Рӯзи ҷаҳонии волидон

Июнь 1, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш