ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июн, сешанбе, 161-умин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 10, 2025 08:00

10 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти Сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки сармоягузории Аврупо ташриф оварда, бо Президенти он Филипп Мейштадт мулоқот намуданд. Дар ҷараёни суҳбат иброз гардид, ки  Бонки сармоягузории Аврупо омода аст барои рушди босуръати иқтисоди миллии Тоҷикистон кумак намояд.

***

12 сол пеш, 10 июни соли 2013 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи расмии  он  Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сухан карданд.

***

10 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

10 июни соли 2019 дар остонаи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  китоби «Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ», ки дар доираи ҳамкории муштараки донишмандони тоҷику чин нашр гардидааст, бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Душанбе муаррифӣ гардид.

***

Соли 2020 дар партави дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии COVID-19 дар Давлати Кувайт дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ба Душанбе баргардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ — бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ва Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Узбекистон» бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдоми саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду ҷумҳурӣ  бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

10 июни соли 2022 дар Қасри Таврический- қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Парламенти ҷавон – назаре ба ояндаи Иттиҳод» баргузор гардид.  Дар радифи дигар кишварҳои пешрафта дар ҳамоиш як зумра ҷавонони лаёқатманди  Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ омодагии кишварҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба иброз дошта, масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори саноат, кашф ва истихроҷи маъданҳо, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои иқтисодӣ баррасӣ намуданд.

10 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии яхмос.

***

Дар Урдун — Рӯзи артиш.

Июнь 10, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш