ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июн, якшанбе, 173-юмин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 22, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.

***

22 июни соли 2004 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори анҷомёбии татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии момогӣ, гинекологӣ ва педиатрии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

13 сол пеш, 22 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова мулоқот намуда, диққати ҳамсуҳбатро ба масъалаи ташкил кардани Экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикӣ ба кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши ҳолати кунунии пиряхҳо ва тамоюлҳои тағйирёбии таркиби онҳо ҷалб намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур — пойтахти Малайзия шуда, бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдураззоқ мулоқот намуданд.

***

9 сол қабл, 22 июни  соли 2016 Парлумони Тоҷикистон Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав  қабул кард.  Дар асоси ворид намудани тағйирот ба ин санад,  ронандагоне, ки  воситаҳои нақлиётро бо рақамҳои қайди бегона ё қалбакӣ идора менамоянд, аз онҳо ҷаримаи маъмурӣ  ба андозаи аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати аз 6 моҳ то 1 сол пешбинӣ гардидааст. Агар ронандагон такроран чунин қоидавайронкуниро содир намоянд, нисбат ба онҳо дар асоси Кодекси  ҷиноятии кишвар тадбир андешида мешавад.

***

22 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе даври аввали лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» ҷамъбаст гардид. Иқдоми мазкур ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва талқин намудани китобхонӣ миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе гузаронда шуд. Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо ва ғайра) ҷой дода шуданд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ намуданд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз гардиданд.

***

22 июни соли 2020 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади табобат ва муолиҷаи гирфторони бемориҳои сироятӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маблағи беш аз  се милиону нуҳсад ҳазор сомонӣ лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маводи доруворӣ дастрас гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла  «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона» , «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» имзо гузоштанд.

Июнь 22, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш