ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июн, душанбе, 181-умин рӯзи соли 2025 аст

30 июни соли 2009 дар Агентии «Тоҷикстандарт» маросими супоридани ҷоизаҳо ба 21 корхонаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки маҳсулоти худро ба озмуни «Молҳои беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда буданд. Дар байни онҳо корхонаҳои «Шириниҳои Шарқ», «Корхонаи шири Душанбе», «Шоҳона», «Ширин», «Нафиса», «Гулистон» ва «Тоҷиксемент» ба озмуни хотимавӣ роҳхат гирифтанд.
***
30 июни соли 2010 татбиқи Лоиҳа оид ба ислоҳоти замини Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID), ки барои тақвият ва ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, расман оғоз гардид.
***
9 сол пеш, 30 июни соли 2016 «Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дода шуд.
***
30 июни соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
***
30 июни соли 2022 дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум номи ду қулла иваз гардид. Қуллаи Маяковский ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва қуллаи Октябрский ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат гузошта шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлатро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.
30 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии астроидҳо
***
Рӯзи байналмилалии Парламентаризм.