ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июн, чоршанбе, 155-умин рӯзи соли 2025 аст

4 июни соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз рафти ҷаласаи парлумони Англия доир гардид.
***
4 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ташриф оварданд.
***
10 сол пеш, 4 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди маъдан «Покрӯд» ба фаъолият шуруъ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.
***
4 июни соли 2022 Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Ҳелга Мария Шмид бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯ дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки филми «Дов»-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Федератсияи Русия соҳиби ду ҷоизаи навбатӣ- «Таваҷҷуҳи тамошобин» ва «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» гардид.
4 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи ҷаҳонии дав
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.