ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июн, якшанбе, 159-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ин рӯзи соли 2007 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин қонуни миллӣ ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст.
***
8 июни соли 2011 дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд.
***
8 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.
***
8 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун: «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилоти бахши давлатӣ» имзо гузоштанд.
***
8 июни соли 2022 баъди анҷоми ҷаласа ва дигар ҳамоишҳо дар доираи Раванди оби Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Женмин барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Номбурдагон Раванди оби Душанберо натиҷагирӣ карда, ба хабарнигорон маълумоти муфассал доданд. Аз натиҷаи Конфронси мазкур Эъломияи Душанбе 2022 қабул гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кӯчаи Туниси пойтахт воқеъ аст, мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеъи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.
8 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи байналмилалии уқёнус.








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






