Тавсеаи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон баррасӣ гардид

Июнь 9, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муовини Раиси шаҳри Теҳрон Муҳаммадамин Таваккулзода вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.

Дар оғози мулоқот бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсии сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ҳамкории гуногунҷанба байни ду давлати дӯсту ҳамзабон – Тоҷикистон ва  Эрон  таҳким ёфта, сол ба сол  густариш меёбад.

Зимни вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд байни шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои баргузор намудани  чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо бо таъкид бар он,  ки имсол аз имзои Ёддошти тафоҳум доир ба барқарорсозии  муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон 30 сол сипарӣ мешавад, омодагиашонро ба таҳкими беш аз пеши ҳамкории бародаршаҳрӣ эълон карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Июнь 9, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд