ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мармиҷон мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар месозад

Июнь 22, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мармиҷон меваи болаззат буда, манбаи миқдори зиёди витаминҳо ва микроэлементҳо, аз қабили витаминҳои A, C, E, K, гурӯҳи B, инчунин маъданҳо ва кислотаҳои органикӣ мебошанд.

Марминҷон чун мева ва дорувор ҳанӯз дар садаи I то милод маълум буд. Барои табобат мева, барг ва решаи марминҷон истифода  мешавад. Меваи онро баъди пухта расидан, баргашро дар вақти шукуфтани гул ва решаашро тирамоҳ меғундоранд. Аз меваи он нӯшокиҳои гуногун,  ба монанди афшура, обмева ва мураббо тайёр мекунанд. Дар тибби халқӣ меваи онро давои иллати узвҳои ҳозима, илтиҳоби шуш ва давои хунбанд медонанд.

Истеъмоли мармиҷон системаи масуниятро мустаҳкам мекунад

Мармиҷон аз витамини C ва дигар антиоксидантҳо бой буда,  системаи масуниятро мустаҳкам мекунад. Витамини C ба тавлиди ҳуҷайраҳои сафеди хун мусоидат мекунад, ки дар мубориза бо сироятҳо нақши калидӣ доранд. Илова бар ин, антиоксидантҳое, ки дар мармиҷон мавҷуданд, ҳуҷайраҳои системаи иммуниро аз осеби радикалҳои озод муҳофизат мекунанд.

Барои паст кардани ҳарорат дар вақти шамохӯрдагӣ кӯмак мекунад.

Мармиҷон ҳангоми шамолкашӣ ҳарорати баданро паст мекунад. Бо сабаби хосиятҳои зидди илтиҳобӣ, мармиҷон инчунин барои рафъи аломатҳои шамолхӯрдагӣ ба монанди дарди сар ва дарди гулӯ кӯмак мекунад.

Фаъолияти дилу рагҳо ва меъдаю рӯдаро беҳтар менамояд

Мармиҷон барои ба эътидол овардани кори рӯда, пешгирии қабз ва беҳтар кардани ҳозима кӯмак мекунад. Инчунин хатари инкишофи бемориҳои дилу рагҳо, аз қабили атеросклероз ва инфаркти миокардро коҳиш медиҳад.

Таъсири зидди илтиҳобӣ дорад

Антиоксидантҳо ва дигар моддаҳои фаъол дар мармиҷон дорои хосиятҳои зидди илтиҳобӣ мебошанд.

Ин моддаҳо барои коҳиш додани сатҳи илтиҳоб дар бадан кӯмак мекунанд, ки метавонанд дар табобати шароитҳои илтиҳобӣ ва бемориҳои гуногун, аз қабили артрит ё астма муфид бошанд.

Барои пӯст, мӯй ва нохунҳо муфид аст

     Он аз витаминҳо ва минералҳо, инчунин антиоксидантҳо бой буда, барои солим нигоҳ доштани пӯст, мӯй ва нохунҳо кӯмак мекунад. Инчунин ба пешгирии пиршавии бармаҳали пӯст мусоидат мекунанд. Илова бар ин, унсурҳои судманди мармиҷон барои мустаҳкам кардани мӯй ва нохунҳо кӯмак карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар мекунанд.

Дар хотир доштан муҳим аст, ки қисмҳои зиёди мармиҷон метавонад аксуламали аллергияро ба вуҷуд орад. Ин метавонад дар шакли доғи пӯст, хориш ё варам зоҳир шавад.

Мармиҷон дорои кислотаҳои органикӣ мебошад, ки аз миқдор зиёд истеъмол кардани он метавонанд ба сири дандон таъсири манфӣ расонанд.

Реша, барг ва гули мармиҷон дар тиб истифода мешавад

      Решаи мармиҷон барои майда кардани санги гурда мусоидат мекунад. Барои ин бояд решаи он куфта шуда,  мисли талқон истифода шавад. Бастани барги мармиҷон варамро паст мекунад.  Гулашро ҳам кӯфта гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.

Барги марминҷонро бихоянд решҳои милки дандон, сустии милк, пухтан ва бадбӯии даҳан ва ҷароҳатҳои нави онро шифо мебахшад.

Табибони халқӣ марминҷончойро барои табобати гастрит, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, энтероколити музмин, бемориҳои ҷигар, холесистит, систит, пиелит, грипп, ангина, пневмония, стоматит, домана ва ғайра тавсия медиҳанд. Истеъмоли он хоса барои кӯдакон нафъи бисёр дорад.

Дар тибби муосир меваи хушки марминҷон ҳамчун давои арақрон, тақвиятбахши кори рӯдаҳо ва исҳоловар тавсия мешавад.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 22, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад