Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд

Июль 22, 2025 08:46

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ чун сабаби асосии марг ва маъюбӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ боқӣ мондаанд. Дар ин ҷо ҳар панҷумин мард ва ҳар даҳумин зани то 70-сола бар асари бемориҳое, ба монанди бемориҳои дилу рагҳо, роҳҳои нафаси музмин, саратон ва диабети қанд мефавтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабармедиҳад.

Тибқи гузориши нави Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар минтақа 1,8 миллион марги пешгиришаванда аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ба қайд гирифта мешавад — фавтҳое, ки онҳоро метавон тавассути чораҳои муассири тандурустии ҷамъиятӣ пешгирӣ кард ё бо дастрасии саривақтӣ ба хизматрасонии босифат табобат намуд.

Зимнан аз шумораи умумии фавтҳои пешгиришаванда аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ 60 фоиз бо омилҳои хатаре алоқаманданд, ки онҳоро метавон пешгирӣ намуд, аз қабили истеъмоли тамоку ва машрубот, фишори баланди хун, ғизои носолим, фарбеҳӣ ва фаъолияти нокифояи ҷисмонӣ. 40 фоизи боқимонда ҳолатҳое мебошанд, ки бо ташхиси саривақтӣ ва дастрасӣ ба ёрии босифати тиббӣ метавонистанд маргро пешгирӣ кунанд ё ба таъхир андозанд.

Муборизаи муассир бо бемориҳои ғайрисироятӣ на танҳо барои саломатии ҷамъиятӣ муҳим аст, балки он дар маҷмуъ ба ҷомеа ва иқтисод манфиат меорад. Паст кардани сатҳи бемориҳо ва шумораи фавти пешгиришаванда метавонад рақобатпазирии кишварҳоро баланд намояд, ба дарозумрӣ ва солимии одамон мусоидат кунад ва ба онҳо имкон диҳад, ки дар ҷомеа саҳми арзанда гузошта, хароҷоти ҳифзи саломатиашонро коҳиш диҳанд.

Тавсияҳои калидии гузориш аз кам кардани таъсир ба омилҳои хатар ва таҳкими низомҳои тандурустӣ, аз ҷумла таъмини ташхиси барвақтӣ ва табобати босифат, бахусус барои гурӯҳҳои осебпазир иборат мебошанд. Ҳамчунин ҳамгироии пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ дар чаҳорчӯби миллии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода зарур аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 22, 2025 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд