Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон Барно Саидвализода бо ҳайати парламенти (Хурали Бузурги Давлати) Муғулистон мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон ба сатҳи комилан нави рушд мебароянд.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар чаҳорчӯби асноди ҳуқуқи байналмилалӣ низ рушд меёбанд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳо дар чаҳорчӯби механизми созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин ҳамкории байнипарлумонӣ, бахусус гурӯҳҳои дӯстӣ дар оянда низ кӯшиш хоҳад намуд.
«Мо барои ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти фраксияҳои ҳизбӣ, иштирок дар чорабиниҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкории зичи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ изҳори омодагӣ менамоем», — гуфт Барно Саидвализода.
Баъд аз анҷоми мулоқот меҳмонон бо бинои нави Парлумон шинос шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд






