Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд

Июль 24, 2025 21:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои Ан-24 дар минтақаи душворгузари вилояти Амури Федератсияи Русия суқут кард. Ҳамаи мусофирони дохили ҳавопаймо ҳалок шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС хабар медиҳад.

Ба маълумоти маркази минтақавии мудофиаи шаҳрвандӣ ва бехатарии сӯхтор, ҳангоми садама сӯхтор ба амал омадааст. Зимни таҳқиқи ҳавоӣ дар маҳалли фоҷеа ягон нафари зиндамонда пайдо нашуд.

«Ба иттилои директори фурудгоҳи шаҳри Тинда, ҳангоми суқути ҳавопаймо сӯхтор ба амал омадааст. Зимни парвози санҷишии Ми-8 зиндамондагон пайдо нашуданд», — омадааст дар гузориш.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳавопаймо 49 нафар — 43 мусофир, аз ҷумла 5 кӯдак ва 6 аъзои ҳайати сарнишинон будаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 24, 2025 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд