Файзалӣ Идизода дар Женева оид ба дастовардҳои парламенти Тоҷикистон сухан гуфт

Июль 31, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Конфронси 6-уми раисони парламентҳо доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки имрӯз иттиҳоди байнипарламентӣ яке аз механизмҳои самарабахши ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва пешбурди ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи тамоми сайёра гардидааст. Бо шарофати ин иттиҳод ба сулҳу субот ва осоиш ноил шудан, муносибатҳои гуногунҷанбаро барои сулҳу осоиш ва адолату шукуфоии ҳамаи халқҳо таъмин кардан мумкин аст.

«Мо, вакилон дар ин ҷо на танҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, балки барои пешгирии буҳронҳои сершуморе, ки ҷаҳонро фаро гирифтаанд, ҷамъ омадаем. Мо бояд содиқ будани худро ба принсипҳои бунёдии аз ҷониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ, ки фаъолияти минбаъдаи моро роҳнамоӣ мекунанд, тасдиқ намоем»,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2000 инҷониб конфронси раисони парламентҳо ба минбари беназири пешбурди идеяҳо ва ҷанбаҳои нави ҳамкории байнипарламентӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳо ва ҳамкории созанда дар сатҳи баланд табдил ёфтааст.

Файзалӣ Идизода изҳор намуд, ки парламенти Тоҷикистон тавассути қабули қонунҳо ва ба тасвиб расонидани шартномаҳои байналмилалӣ дар таъмини сулҳу субот, адолату пешрафт, шукуфоии ҷомеаи мамлакат ва башар саҳм мегузорад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 31, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид