Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд

Июль 16, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин маълумоти расмӣ оид ба пайомадҳои офатҳои табиӣ дар нимсолаи аввал ба нашр расид, хабар медиҳад «Kazinform» бо истинод ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Мувофиқи маълумоти вазорат, давоми шаш моҳ аз офатҳои гуногуни табиӣ 25 миллиону 037 ҳазор нафар одамон зарар дидаанд. Бар асари фалокатҳо 307 нафар ҳалок ё бедарак гум шуда, зиёда аз 620 ҳазор аҳолӣ ба таври таъҷилӣ тахлия ва муваққатан дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карда шуданд.

Дар мамлакат 29 600 бинои истиқоматӣ валангор шуда, зиёда аз 347 200 бино зарар дидааст. Дар майдони 2,18 миллион гектар киштзор зарар дидааст. Зарари мустақими иқтисодӣ 54,11 миллиард юанро ташкил медиҳад, ки муодили тақрибан 7,6 миллиард доллар аст.

Зарари асосиро чунин ҳодисаҳои табиӣ, аз қабили заминларза ва обхезӣ расонидаанд. Дар якчанд минтақаҳои ҷумҳурӣ жола, хушксолӣ, тӯфон, яхбандӣ, тӯфони барфӣ ва сӯхтори маҳаллии ҷангал ба қайд гирифта шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 16, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд