НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 757 адад расид
ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 757 адад расида, дар онҳо 118 ҳазор 392 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки нисбат ба соли 2024 13 муассиса ва 4422 нафар кӯдак зиёд аст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ислоҳоти соҳа дар самти таҳсилоти томактабӣ идома ёфта, фаъолият ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шуд», -афзуд Вазири маориф ва илм.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фарогирии бештар ва дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2931 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 133 ҳазору 361 кӯдак дар 5569 гурӯҳ таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 47 марказ ва 2044 кӯдак зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 251 ҳазору 753 нафар ё 23,7 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ин давраи соли 2024 3,5 фоиз (соли 2024-ум 20,2 фоиз) зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад.
Бояд иброз намуд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.
Зеро зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






