НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 220 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 882,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 232,7 миллион сомонӣ ё 35,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар шаш моҳи соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо 2 миллиарду 199 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо назардошти индекси нархҳои истеъмолӣ 493 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 915,8 миллион сомонӣ баробар гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо назардошти индекси нархҳо 223,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
«Ҳаҷми хизматрасонии маишӣ дар ин давра 114,9 миллион сомониро ташкил намуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024 15,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад»,- гуфт раиси ноҳия.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






