НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2025 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 1620 медал гардиданд.
Ба иттилои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода, дар ин давра варзишгарони ноҳия 532 медали тилло, 417 медали нуқра ва 611 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19 медал зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар ҳафта бо руҳониён ва имомхатибон суҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ 155 санҷиши муштарак доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо гузаронида, 4 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 63 санҷиш зиёд ва 1 ҳолати қонунвайронкунӣ кам мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






