НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд

Июль 24, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2025 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 1620 медал гардиданд.

Ба иттилои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода, дар  ин давра варзишгарони ноҳия 532 медали тилло, 417 медали нуқра ва 611 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19 медал зиёд мебошад.

Зимни нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар ҳафта бо руҳониён ва имомхатибон суҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ 155 санҷиши муштарак доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо гузаронида, 4 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014  63 санҷиш зиёд ва 1 ҳолати қонунвайронкунӣ кам мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад